- кам
- [کم]1. андак; муқоб. зиёд, бисёр2. ба нудрат, гоҳо, баъзан, гоҳ-гоҳ; кам омадан, кам ёфт шудан; камаш на камтар аз…; ақаллан, ҳадди ақалл, ҳеҷ набошад; кам-кам а) андакандак; як каме, камтар; кам-кам хӯр, ҳар дам хӯр (зарб.); б) баъзан, гоҳо; ба нудрат; в) рафта-рафта, ба тадриҷ, оҳиста-оҳиста; кам дар кам хеле кам, ниҳоят кам (миқдоран); каму беш а) як каме, як миқдор; б) то андозае, то ҳадде, қисман; каму кост камбудӣ, норасоӣ; кам баромадан ба вазн, меъёр ва шумораи аслӣ нарасидан; кам будан норасо будан; ба дараҷаи пурра набудан; кам дида шудан чандон ба назар намоён набудан, зиёд вонахӯрдан; кам додан пурра надодан (мас. музди касеро); кам задан а) фурӯтанӣ кардан, хоксорӣ кардан, худро ҳақир шумурдан; б) ниг. кам шумурдан; кам кардан костан; кам мондан андак боқӣ мондан, зиёд набудан; кам шудан (гаштан) костан, нуқсон пайдо кардан; кам шумурдан назарногирона нигоҳ кардан, ҳақир шумурдан касеро, ба дараҷаи даркорӣ баҳо ва эътибор надодан; даҳ дақиқа кам дувоздаҳ ба дувоздаҳ даҳ дақиқа намерасад (оид ба вақту соат); ду кам ҳафтод ба ҳафтод ду намерасад, яъне шасту ҳашт (одатан дар бораи синну сол мегӯянд); кам гирифтан (касеро) ниг. кам шумурдан; кам монда буд, ки…, қариб ки…, қариб буд, ки…; магар кам буд, ки… ин ҳама кофӣ набуд магар…
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.